Пайрав Сулаймонӣ
Пайрав Сулаймонӣ (форсӣ: پیرو سلیمانی; 15 апрел 1899, Бухоро, генерал-губернатории Туркистон — 9 июн 1933, Сталинобод) — шоир, адиб, нависанда ва тарҷумони тоҷик, падари Гулчеҳра Сулаймонӣ. ЗиндагиномаПайрав Сулаймонӣ 15 апрели соли 1899 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи форсии Марв фаро гирифтааст. Солҳои 1916—1917 дар Омӯзишгоҳи русии Когон таҳсил кардааст. Солҳои 1921—1922 дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум будааст. Баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон шудааст. ЭҷодАз 15-солагӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан шеъри суннатӣ (ғазал) гуфтааст ва Инқилобро бо шеъри «Ба муносибати Инқилоби Бухоро» (1920) пешвоз гирифтааст. Чанд сол шеърҳои ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ суруда, дар қатори биҳин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст. Таҳаввулоти эҷодии ӯ аз шеъри «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ» (1926) сарчашма гирифтааст. Ҳаёти нав ва дигаргуниҳои ҳаррӯза ба шеъри ӯ рангу бори тоза ато кардаанд, ки сурудаҳои ӯ «Ду ҳуҷум», «Ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар», «Якуми Май ва МОПР», «Асира ё худ исён» ва ғ. мисоли онанд. Устод Садриддин Айнӣ намунаҳои ашъори Пайравро ба «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) дохил карда, ба ӯ баҳои баланд додааст.[1] Ашъори Пайрав ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд, ки мутолиаи шеърҳои «Як қурбонии кӯчаи буржуозии Аврупо», «Ба фалокатзадагони зилзилаи Эрон», «Ба тахтнишин», «Сарват ва меҳнат», «Мужда бод, зинда бод Ҳаштуми Март!» ин даъворо собит мегардонанд. Ҳикояи «Гуландом» намунаи беҳтарини осори мансури ӯст. Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир таҳти имзои мустаори «Шашпардор» интишор ёфтаанд. «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол, романҳои А. Серафимович «Сели оҳанин», Д. Фурманов ва С. Поливанов «Балво», чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз тарафи Пайрав ба тоҷикӣ гардонда шудаанд. Як даста шеърҳояш ба русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд[1]. ТаълифотӮ дар давоми эҷодиёти 17-солаи худ ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва даст гирифт. Соли 1931 нахустин маҷмӯаи ӯ таҳти унвони «Шукуфаи адабиёт» ва достони ӯ «Тахти хунин» дар шакли китобчаи алоҳида ба ба ҳуруфи форсӣ табъ расид. Соли 1932 дигар маҷмӯаи ӯ бо номи «Шеърҳо» бо ҳуруфи лотинӣ аз чоп баромад. Китоби дигари Пайрав Сулаймонӣ «Қадам ба панҷсолаи дуввум» баъд аз вафоти ӯ соли 1934 нашр гардид. Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда, 16 ҷузъи чопиро ташкил мекунад. Намунаи ашъор
***
ДаргузаштПайрав Сулаймонӣ 9 июни соли 1933 дар шаҳри Сталинобод даргузашт. Осор
Эзоҳ
Пайвандҳо
|